Агар хоҳиш доред, ки ҳавопайморо фармоиш диҳед, пас Юнон чунин имкониятро тариқи маркази байналмилалии авиатсияи тиҷоратии AVIAV TM (Cofrance SARL) пешкаш менамояд. Рейси хусусӣ бо таври индивидуалӣ тибқи дархости мизоҷ тартиб дода шуда, дар вақти қулай ҳаракат мекунад, ҷет ба шаҳри зарурии ҷаҳон бе таваққуф парвоз мекунад.

Ба ғайр аз ин ScanMarine TM (Cofrance SARL) чартери яхтаҳоро пешкаш менамояд. Юнон – давлати баҳрӣ аст, аз ин лиҳоз самти мазкур дар ин ҷо талабот дорад. Саёҳат ба ҷазираҳо, круизҳо ба дигар кишварҳо, сайру гашти кӯтоҳмуддати баҳрӣ – хоҳишҳои шумо чӣ гуна набошад ҳам, онҳоро амалӣ гардониданро ширкатии мо кӯмак мерасонад.

Акнун саёҳтҳои индивидуалӣ дар болои ҳаво ва дар баҳр аз Юнон ё то ба он – хизматрасонии дастрасу актуалӣ мебошад, ки аз он ҳар каси дорои маблағи марбута истифода бурда метавонад.

Рейси хусусиро чӣ тавр фармоиш бояд дод

Агар шумо ба иҷораи ҳавопаймо рағбат дошта бошед, пас Юнон имконият медиҳад, ки киштии ҳавои муддати чанд дақиқа брон карда шавад. Пур кардани шакли фармоиш дар сомонаи мазкур ё гузоштани хоҳиш бо таври озод кифоя мебошад. Маълумоти зеринро диҳед:

  1. хатсайр, ки дар он рейс зарур мебошад,
  2. шумораи мусофирон,
  3. алоҳида кӯдакон ва синну соли онҳоро нишон диҳед,
  4. санаҳои парвоз ба як ё ба ҳарду тарафҳо,
  5. вазни тахминии бағоҷи интиқолшаванда,
  6. тамосҳо,
  7. хоҳишҳои шахсӣ нисбати ташкили парвоз.

Аз рӯи худи ҳамон принсип иҷораи яхта дар Юнон анҷом дода мешавад. Чартер тибқи дархости дақиқи мизоҷ, бо назардошти ҳамаи хоҳишҳои ӯ  тартиб дода мешавад. Фармоишро дар портали мазкур бо таври озод гузоштан мумкин, аммо беҳтар аст, ки бо менеҷери ScanMarine TM (Cofrance SARL) бевосита ба алоқа бароед, то ки якбора нюансҳоро муҳокима намуда, нарҳро ҳисоб карда тавонед.

Сервиси ҳамроҳӣ

Авиатсияи шахсии Юнон ва ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) рейсҳоро «аз ибтидо то интиҳо» ташкил намуда, хизматрасониҳои зарурии ҳамроҳиро пешниҳод мекунанд:

— такси дар нуқтаҳои парвозу фурудоӣ,

— хӯрок аз тарабхона дар парвоз,

— тартиб додани раводидҳо, декларатсияҳои гумрукӣ, суғуртаи тиббӣ,

— бронкунии утоқҳо дар отел ё иҷораи ҳуҷра / вилла,

— вақтхушӣ дар парвоз, минҷумла барномаҳои идона,

— ташкили чорабиниҳои корӣ (машваратҳо, семинарҳо, шароити корӣ),

— бизнес-ҳамроҳӣ,

— консерж-сервис.

Ҳамин тавр, ба мизоҷони AVIAV TM (Cofrance SARL) дар бораи чизе ташвиш кашидан лозим нест, ҳамаи масъалаҳои ташкилиро ширкат бар дӯши худ мегирад. Бронкунии рейс як чанд дақиқа тӯл мекашаду халос, ки пас аз ин чамадонро барои саёҳат оромона ҷамъ карда метавонед. VIP авиатсияи Юнон ҳавопаймоҳои истеҳсолкунандагони маъруфи ҷаҳониро пешкаш менамояд: Dassault Aviation, Gulfstream Bombardier, Sukhoi Superjet, Beechcraft, Pilatus, Embraer, Cessna, – аз рӯи интихоби фармишгарон.

 

Бо версияҳои пешниҳодшаванда тибқи дархост шинос шудан мумкин, менеҷери парвоз тасвиру аксҳои онҳоро ирсол менамояд.

Авиатсияи хусусии Юнон – интихоби шахсони сарватманд, сиёсатмадорони пешсаф, ходимони машҳури ҷамъиятӣ, соҳибкорони калон ва дигар нафарони статуси олӣ мебошад. Ба иҷора гирифтани ҳавопаймо, инчунин яхтаро, шахсони инфиродӣ ва ҳуқуқӣ барои саёҳатҳои корӣ ё шахсӣ метавонанд. Фармоишро як ҳафта ё чанд рӯз пеш додан хубтар аст, вале дар ҳолати фавқулодда ҷет аллакай чанд соат пас аз бронкунӣ барои парвоз тайёр мешавад.

Бехатарӣ

Таваҷҷӯҳи аввалиндараҷаро Cofrance SARL ба масъалаҳои бехатарӣ зоҳир менамояд. Аъзои Wyvern Ltd. буда, ширкат мутобиқатро ба стандартҳои олитарини ҷаҳонии ҳифзи рейсҳо кафолат медиҳад. Санҷишҳои доимӣ дар ARGUS International – ширкати бузургтарини аудитории сайёра – эътимоднокии садфоизаи техникии киштиҳои ҳавоиро таъмин менамоянд. Авиатсияи тиҷоратии Юнон ширкати моро вазифадор мекунад, ки ба меъёрҳои сифати бизнес-ассотсиатсияҳои пешсафи парвозии EBAA, NBAA, шабакаи эксклюзивии сети Avinode, ки шарики онҳо «Кофранс» солҳои зиёд боқӣ мемонад, мутобиқат кунем.

Ба ғайр аз ин ScanMarine TM (Cofrance SARL) ба ассотсиатсияи номдори байналмилалии брокерони яхтавии ИМА – YBAA дохил карда шудаст, ки таърихи фаъолияти он зиёда аз як асрро ташкил медиҳад. Чор сол қабл ширкат ба сафи PYA – клуби байналмилалии яхтавӣ қабул гардидааст.

Як чанд далелҳо дар бораи ширкат

  1. Cofrance SARL аз соли 2007 кору фаъолият дорад.
  2. Саридора дар Фаронса, дар шаҳри Нитса мавқеъ гирифтааст.
  3. Самтҳои асосии фаъолият: авиатсияи хусусӣ, яхтинг, амволи ғайриманқули элитавӣ дар Фаронса ва Монако, дастгирии ҳуқуқӣ дар Аврупо, муолиҷа ва таваллудкунӣ дар хориҷӣ.
  4. Ширкат дар 35 кишварҳои Аврупо намояндагиҳо дорад. Дар Юнон мо аз соли 2015 кор мекунем.
  5. Ба ғайр аз иҷораи ҳавопаймоҳо, мо бо хариду фурӯш, тюнинг ва сохтани онҳо тибқи фармоишҳо машғул мешавем.

Агар шумо ба бизнес-авиатсияи Юнон ё чартери яхтаҳо рағбат дошта бошед, пас ба Cofrance SARL дар вақти қулай муроҷиат кунед. Менеҷерон шабонарӯзӣ дар алоқа қарор доранд ва доимо омода ҳастанд, ки саёҳати шахсиро ташкил кунанд.

Новости